РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ оғоз шуданд

Бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Тибқи нақшаи чорабинии мазкур, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ дар назар дошта шудааст.

Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб мегарданд.

Инчунин тамоми муассисаву ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Аз ҷумла, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2021 иброз доштанд, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

«Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо, насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем», -изҳор намдуданд Президенти мамлакат.

Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо, соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram