РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар АМИТ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушода» -и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он иштирок намуданд. Дар бора аз АМИТ хабар доданд.
Рӯзи дарҳои кушодаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба даргоҳи илмҳои тахассусӣ хайра мақдам гуфт ва зимни суханронӣ ҷиҳати муаррифии АМИТ далелҳо овард. Номбурда қайд намуд, ки феълан дар АМИТ 26 Институт, марказ ва пойгоҳҳои илмии таҳқиқӣ ҳастанд ва самти фаъолияти ҳар кадомашон ихтисосӣ мебошад. Дар АМИТ 3 Расадхона ҷиҳати омӯзиш ва баррасии ҷирмҳои осмонӣ фаъолият доранд, ки аввалӣ бо номи Расадхонаи Ҳисор дар баландии 800 м аз сатҳи баҳр, дувумӣ Расадхонаи Санглох воқеъ дар ноҳияи Данғара дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр ва савум, Расадхонаи Мурғоб дар баландии 4500 м аз сатҳи баҳр мебошанд. Ғайр аз ин, маркази омӯзиши нурҳои осмонӣ бо номи Помир-Чақалтай дар ВМКБ аст, ки таҳқиқи нурҳои осмониро мавриди баррасӣ қарор додааст. Хуллас, дар ҳар соҳаи ҷудогонаи илмҳои табиатшиносӣ дар АМИТ пойгоҳҳои илмиву таҳқиқӣ мавҷуданд.
Сипас, президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикмат Ҳисориев сухан карда, ба иштирокдорони Рӯзҳои дарҳои кушода комёбиҳои назаррас таманно намуд.
Ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Саидов зимни муроҷиат ба хонандагон нақши биологияи муосирро дар рушди ҷомеаи постмодерн мутазаккир шуд. Ба қавли мавсуф, аксар расонаҳо бо дахолат ба пандемияи COVID-19 дар чунин ақидаанд, ки онро афроди вирусолог таҳия ва интишор сохтаанд. Гузашта аз ин, афзудани аҳолии кураи Замин бахшҳои асоситарини биологиро чун биотехнология ба вуҷуд овард ва бо дарназардошти вазъ рушди шохаҳои гуногуни илми биология дар замони муосир мушоҳида мешавад. Номбурда гуфт, ки 4 пажӯҳишгоҳи сирф биологӣ дар АМИТ фаъолият мекунанд, ки беш аз 400 нафар олимонро дар бар мегирад.
Баъдан, сардори Раёсати таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Умед Сафарзода сухан карда, аз иштироккунандагон даъват ба амал овард, ки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намоянд.
Сипас, риштаи суханро президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ гирифта, аз толор хоҳиш кард, ки андешаҳои худро ошкоро баён намоянд ва як муддат дар толор мунозираҳои ихтисосӣ ба вуқуъ пайваст. Масалан, намояндаи мактаби рақами 79 шаҳри Душанбе иқрор намуд, ки бинобар набудани омӯзгори фанни физика мо донишҷӯёнро ба омӯзгори фанни мазкур қабул кардем. Намоянда аз литсейи 3 шаҳри Душанбе аз дастурҳои таълимӣ шикоят бурда, иқрор намуд, ки бештари онҳо дар самти улуми табиатшиносӣ бо талаботи стондартии муосир ҷиҳати таълими илмҳои дақиқ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ҷавобгӯ намебошанд. Ин гуна гуфтумон ҷиҳати ноқисиҳои мавҷудбуда дар самти маориф бисёр садо доданд.
Дар анҷом, ғолибони Сессияи баҳории АХИ ҶТ бо ифтихорномаву аъзои пайваста ва вобаста сазовор дониста шуданд. Бояд мутазаккир шуд, ки рӯзи дарҳои кушода соле як маротиб баргузор мегардад ва хонандагони макотиб имкони хеле хуб доранд, ки дар ин рӯзҳо донишҳои тахассусии худро такмил диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram