29 сентябри соли 2022 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти шоир, мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангиро баргузор менамояд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши фарҳангӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, бахшида ба “Рӯзи Мавлоно” доир гардида, дар он олимону адибон, ноширону санъаткорон, ҳунармандони театру кино иштирок менамоянд.
Тибқи нақша ҳамоиш дар назди бинои Филармония аз соати 13:00 то 17:00 бо намоиш-фурӯши китоб, аз ҷумла “Маснавии маънавӣ”, рӯнамоии китоби тозанашри Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” таҳти унвони “Офтобе дар миёни сояе” аз шоири ширинкалом Беҳрӯзи Забеҳулло оғоз гардида, аз соати 17:00 то 19:00 чорабинии фарҳангӣ дар толори муассиса баргузор мегардад.