2 октябр Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.