6 октябри соли 2022 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили амнияту суботи минтақа, муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.