РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Баррасии робитаҳои адабии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар дар Иттифоқи нависандагон

Пас аз сафари кории Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди робитаҳои адабӣ дар марҳилаи нав” доир шуд.

Дар мизи мудаввар доир ба ҳамкориҳои адабии кишварҳои ҳамзабон, Беларус ва Ҳинду Покистон маърӯзаҳо ироа гардид. Махсусан, Абдуллоҳи Раҳнамо мудири шӯъбаи робитаҳои адабии ИНТ баён дошт, ки агар ду даҳсолаи ахирро бигирем дар ин давра асарҳои ҳудуди сад адиби тоҷик бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд, ки нишондоди хуб аст. Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо самти муносибатҳои адабии мо бо кишвари Белорус назар ба дигар самтҳо хеле муваффақ мебошад.
Профессор Муртазо Зайниддинзода роҷеъ ба мавзӯи рушди робитаҳои адабӣ дар мисоли пайвандҳои адабии Тоҷикистон ва Белорусия маърӯза карда зикр намуд, ки давраи аввали робитаи адабии халқҳои тоҷику белорус ин замони умумияти наздики таърихӣ доштани халқҳои славянинажод ва ёдгориҳои муштараки адабии ин халқҳо рост меояд, ки ниёз ба пажуҳиши густурда дорад. Муртазо Зайниддинзода замони дигари рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику белорусро аҳди Шӯравӣ медонад.
Рустами Ваҳҳоб Шоири халқии Тоҷикистон дар мавриди рушди робитаҳои адабӣ бо кишварҳои ҳамзабон қайд намуд, ки имрӯз як тоҷик доир ба шоирони адабиёти муосири Эрон, нисбат ба як эронӣ маълумоти зиёд дорад. Дар такя ба ин гуфтаҳо Рустами Ваҳҳоб якчанд мисол низ овард.
Дар идомаи мизи мудаввар доир ба рушди робитаҳои адабӣ бо кишварҳои Ҳинду Покистон низ маърӯза шунида шуда, қайд гашт, ки саҳми адибони тоҷик дар тарҷумаи китобҳои адибони дигар кишварҳо низ бесобиқа мебошад. Дар фарҷоми мизи мудаввар ба ҳозирин аз осори адибони ҳиндуву покистон сурудҳо аз ҷониби профессор Сайфиддин Акрам пешниҳод гардид.
Парвина Самандарзода,

Радиои Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram