РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар Театри давлатии академии опера ва балет оғоз гардид

19 октябри соли равон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз рӯи номинаҳои “Сарояндагӣ” ва “Композиторӣ”, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз рӯи номини “Навозандагӣ” оғоз гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даври ҷамъбастии озмун аз 316 нафар довталаб 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) баромад хоҳанд кард.

Ба даври ниҳоии Озмун аз ВМКБ 51 нафар, вилояти Хатлон 81 нафар, вилояти Суғд 57 нафар, шаҳри Душанбе 80 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47 нафар иштирок мекунанд.

Маросими кушодашавии даври ниҳоии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода ва директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, директори Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” Камолиддин Сайфиддинзода оғоз гардид, ки ба иштирокчиёни даври ниҳоӣ дар иҷрои ҳунару маҳорати худ комёбӣ таманно намуданд.

Обид Назариён тибқи низомномаи озмун вобаста ба талаботи даври сеюм ба довталабон ахбори муфассал ироа намуд ва бо навгониҳои марҳилаи ниҳоии озмун довталабонро ошно кард.

Сипас, аз рӯи номинатсияи “Сарояндагӣ” даври ниҳоии озмун шурӯъ гардид.

Озмунро ҳакамон дар ҳайати санъатшиносону мусиқишиносони шинохтаи кишвар доварӣ мекунанд.

Ҷараёни баргузории даври ниҳоии озмун дар гузоришҳои оянда инъикос мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram