«Китоби тозанашри «Наврӯз дар шеъри аҷам» баргузидаи ашъори наврӯзии халқӣ ва адибони классику муосир буда, барои дилбохтагони каломи бадеъу муштоқони айёми наврӯзӣ ва тӯҳфае ба ҷашни 31 — солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад»-, — навиштааст рӯзномаи «Овози Самарқанд».
Манбаъ афзуд, мураттибони китоб узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Нормурод Каримзода ва раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов кӯшидаанд, ки то беҳтарин дурдонаҳои ниёгонамонро ҷамъоварӣ кунанд ва пешкаши хонандагон гардонанд. Табъу нашри ин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба ду забон: тоҷикиву ӯзбекӣ чоп шудаанд.