РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои зикршударо доир ба вазъи корҳо дар самти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва мева шуниданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳияҳои зикршуда оид ба ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram