РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба 62 фоиз баробар гардид

Аз 1 октябри соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои он дар ҷумҳурӣ 62 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Дар маҷмуъ, аз 1 то 20 октябри соли 2022 зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намудаанд.

Давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро ба 70 фоиз баробар намудаанд.

Тавре қаблан хабар додем, бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе 67 фоиз, дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд 50 фоизро ташкил медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram