21 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо ноиби Президенти филиали Академияи “Тӯрон”- и шаҳри Самарқанд Фарҳод Ахмедҷонов ва намояндагони академияи мазкур, инчунин Раиси Бунёди адабии Айнӣ Ираҷ Айнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрии самимона ҷонибҳо аз муносибатҳои неки дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббусҳои бевоистаи Сарварони ин ду кишвар ҳамкориҳо дар ҳама соҳа густариш ёфта, дар самти фарҳанг низ муносибатҳо рушду нумӯъ карданд.
Муовини вазири фарҳанг ҳузури меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, муносибатҳои фарҳангии ду кишварро муҳиму саривақтӣ арзёби намуда, зикр кард, ки дар замони муосир чопи босифати китобҳо, бунёди китобхонаҳои замонавӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.
Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои нашри асарҳои адибони ду кишвар, багузории намоиши китобӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Суҳбат дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.