РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешаванд

Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамтои худ- Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ месазад, ки  робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон ба сатҳи сифатан нав боло бароянд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар  чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд.

Маҳмадтоир Зокирзода тазаккур дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи Сарварони ду кишвар тасвиб шудаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон –Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода,  намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раисони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода ва Рустам Латифзода иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram