Аз 28 то 30 октябр дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Федератсияи Россия Фестивали «Таваллудшуда дар Иттиҳоди Шӯравӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳар қавму миллати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хотираҳояшонро аз гузаштаи ниёгон, даврони шӯравӣ ва имрӯз пешниҳоди шаҳрвандону меҳмони шаҳр намуданд.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, гӯшаи тоҷиконаро дар фестивал Ҷамъияти тоҷикони минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск — «Дӯстии тоҷику рус» ба уҳда гирифта буд. Дар ин гӯша нақшу нигори тоҷикӣ, ашёи рӯзгор, гаҳвора, хӯроку хӯришҳои миллӣ, меваҳои тару хушки Тоҷикистон, асбоби мусиқӣ, китобҳо, дастнависҳо аз шоирону адибони классик ва адабиёти муосири миллати тоҷик ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал-намоиш ба гӯшае, ки инъикосгари таъриху фарҳанг ва расму оини тоҷикон буд, бештар мароқ зоҳир карда, доир ба табиати нотакрори Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори он маълумоти муфид ба даст оварданд.
Раиси Ҷамъияти тоҷикони минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск «Дӯстии тоҷику рус» Шавкат Тоҳиров аз иқдоми фарҳангӣ, ки аз ҷониби масъулини шаҳру вилояти Новокузнетск пайваста роҳандозӣ мегарданд, истиқбол кард. Ӯ иброз дошт, ки онҳо дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд иштироки фаъолона дошта, таъриху фарҳанги миллати тоҷикро, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, муаррифӣ менамоянд.
«Мо аз иқдоми роҳбарияти шаҳру вилоят хеле хушҳолем ва онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем, зеро мо миллати дорои таъриху фарҳанги куҳан, санъату ҳунари беназир ва расму оини миллӣ ҳастем. Мо бо ифтихор дар чунин фестивал — намоишҳо иштирок карда, ба ин васила ба мардуми ин минтақаи Федератсияи Россия ва миллату халқияти дигари олам, ки ин ҷо сукунат доранд, тамоми дастовардҳои Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоем“,–мегӯяд Шавкат Тоҳиров.
Ба таъкиди ҷонишини Раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск оид ба фарҳанг ва варзиш Маҳмадкарими Абдураҳим, «мо тӯли солҳост, ки дар ҳама фестивалу чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҳамоишҳои фарҳангию варзишӣ иштирок менамоем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фарҳанг, таърих, расму анъана ва ҷашну маросими тоҷиконро ба дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намоем. Мо дар ин замина фарзандони худро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани тамоми арзишҳои миллӣ ба камол мерасонем».
Дар рӯзи сеюми фестивал консерти сарояндагони тамоми ҷамъият ва қавму миллатҳои ин минтақа баргузор гардид, ки Гурӯҳи созию овозии «Нур»-и назди Ҷамъияти тоҷикони минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск «Дӯстии тоҷику рус» дар он ширкати фаъол намуд. Ба хотири дар сатҳи баланд иҷро намудани суруду оҳангҳои тоҷикӣ санъати ин гурӯҳи ҳунарӣ қадрдонӣ гардид.
Дар хатми фестивал аз ҷониби узви Шӯрои миллатҳои назди Раёсати шаҳрии Новокузнетск Владимир Табачников ба Раиси Ҷамъияти тоҷикони минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск- «Дӯстии тоҷику рус» Шавкат Тоҳиров дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома тақдим карда шуд.