Китоби «Ҳазор байт»-и Рустами Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон дар Эрон ба чоп расидааст. Дар ин бора муаллиф хабар дод.
Қаблан ин китоб бо хати кириллӣ ва форсӣ дар кишвар нашр гаштаву аз ҷониби хонандагон мавриди истиқболи хоса қарор гирифта буд.
Рустами Ваҳҳоб инчунин муаллифи се китоби шеър — «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015) аст. Соли 2012 маҷмӯуаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.
Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Рустами Ваҳҳоб 28 августи соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.