31 октябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ баргузор гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии кишвар хабар доданд.
Дар мулоқот Директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ роҳандозии ҳамкории муштараки илмӣ-таҳқиқотиро бо Маркази тадқиқоти стратегӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки тавсеаи робитаҳои илмию таҳлилӣ ва пажӯҳиши муштараки масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки марказҳои зеҳнӣ тавсияҳои судмандро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон ироа намоянд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар навбати худ аз пазироии самимии ҷониби Эрон изҳори сипос намуда, рушди ҳамкории илмӣ-таҳлилиро миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуд.
Махсус зикр гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири моҳи майи соли 2022 ба рушди робитаҳои дипломатӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ дар заминаи сафари мазкур миёни муассисаҳои зеҳнии ду кишвар санадҳои нав ба имзо расиданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки имсол ба барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон 30 сол пур гардид ва вобаста ба санаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳои муштарак доир гардида истодаанд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ ёдовар шуда, пешбурди ҳамкории илмӣ-таҳлилиро яке аз василаҳои асосии ҳалли ин мушкилот муаррифӣ намуданд.
Вобаста ба ин роҳбарони ду маркази зеҳнии Тоҷикистон ва Эрон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ баён доштанд.
Зимни вохӯрӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум пешбурд ва тавсеаи ҳамкории илмӣ ва таҳлилӣ миёни ин ду ниҳоди зеҳнӣ мебошад. Имзои санади нави ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷонибҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таҳлилӣ ҳамкории муштаракро бештар ба роҳ монанд.
Мавриди зикр аст, ки ин дуюмин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо марказҳои зеҳнии Эрон дар соли равон аст. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар раванди сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд.