РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ба корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд

Пас аз ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешаванд.

Тибқи нақша, дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои яккарата, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ашёи рӯзгор равона мегардад.

Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram