РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб: Рӯзи Конститутсия таҷлил шуд

1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идораву ташкилоти шаҳру минтақаи Кӯлоб, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷавонони шаҳр ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Нахуст, иштирокиён бо шиору овезаҳои тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба номи Рустами Абдураҳим роҳпаймоӣ намуданд.

Маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар моҳиятҳои таърихии худ, инчунин ба эҷоди Конститутсия замина гузошт. Зеро, ғояи меҳварие, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ баён гардид, баъдан аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид карда шуд. Ҳамин тавр, 6 –уми ноябри соли 1994 онро дар раъйпурсии умумихалқӣ ба мардум пешниҳод карданд ва бо аксарияти раъйи шаҳрвандони кишвараомн пазируфта шуд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Назарзода Конститутсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайраҳо дод. Ин санади муҳим заминаҳоро барои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда, чаҳорчубаи фаъолияти онро муайян намуд, ки бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.

Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар кишвар системаи муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст. Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ Конститутсияи кишвари моро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон донистанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин, Раҳмонзода Шарифхон раиси Суди шаҳри Кӯлоб ва Абдулло Маҳмуд, профессори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ оид ба моҳияти таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи маросими идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб як қатор фаъолони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ба Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан, гузориши телевизионӣ аз лаҳзаҳои фараҳбахши сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи ғолибони Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ва барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони маъруфи кишвар пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram