15 ноябри соли ҷорӣ дар майдони марказии шаҳри Норак чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда, тамоми сокинони шаҳрро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд ва дар баромадҳояшон «Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошад» гуфта таъкид менамояд. Бояд ҳамаи мо ҷавонон кӯшиши зиёд ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ намоем. Вақте, ки Пешвои миллат ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро ба ҷавонон боварӣ менамоянд пас, ҳар яки мо- ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии Ватанамон хизмат намоем. Аз таъкидҳои дигари Президент нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи Ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд, чуноне ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».
Дар охири чорабинӣ барномаи пурмӯҳтавои идона аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Норак намоиш дода шуд.