РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Исфара: Сокиноне, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ зарар дида буданд, соҳиби манзилҳои нав мегарданд

25-26 ноябр ба он сокиноне, ки хонаҳояшон дар натиҷаи муноқишаҳои марзии 14 – 16 сентябр сӯхта, валангор шуда буданд, манзилҳои нав супорида мешаванд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара беш аз 95 дарсад ба анҷом расидаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар айни замон сохтмончиён ба рангубори беруни хонаҳо машғул буда, кӯшиш доранд онро рӯзҳои наздик пурра ба итмом расонанд.

Мавриди зикр аст, ки бар асари даргирии марзии 14 – 16 сентябр хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов оташ гирифта, пурра вайрон шуда буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз чанд рӯзи ин ҳодиса ва барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани пайомадҳои муноқишаи марзӣ аз Душанбе ба шаҳри Исфара кумаки моддии иборат аз масолеҳи сохтмонӣ равон карда, ба масъулони ҳукумати Суғд барои бунёди хонаҳои нав барои зарардидагон то фарорасии фасли сармо дастур дод.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ, сари вақт бунёду барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоӣ Ситоди махсуси вилоятӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъсис ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram