РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

30-солагии Иҷлосияи XVI дар Қоҳира таҷлил гардид

27 ноябр дар шаҳри Қоҳираи Миср бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими Миср ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ аз шебу фарози таърихи муосири давлати ҷавони Тоҷикистон, нақши боризи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу созиш ва наҷоти Ватан аз вартаи нобудӣ, дастовардҳои шоёни таҳсин дар роҳи таҳкими давлату давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба қадрдонӣ аз ин дастовардҳо ва саҳмгузорӣ дар муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ даъват намуд.

Зимни ҷамъомад ба ҳозирин ҳамчунин филми мустанади таърихӣ намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram