РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ рушд меёбад

Бахшида ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар он ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар ин аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мешавад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамар ба роҳ мондааст»,-гуфт Ректори донишгоҳ.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон афзуд, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар тули сӣ сол пояи муносибатҳои сиёсию дипломатӣ барқарор гардида, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ таҳким ёфтанд.

«Дарвоқеъ, кишвари ман ба татбиқи нақшаҳои рушди Тоҷикистон тавассути роҳандозии лоиҳаҳои зиёде дар саросари кишвар таваҷҷуҳи зиёд изҳор менамояд. Бо ин мақсад Бунёди Саудии Рушд фаъолият ва ҳамкории худро бо ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз намуда, дар ин муддат аз ҷониби Фонд барои роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 174 миллион доллари ИМА, баробар ба 1 миллиарду 936 милион сомонӣ ҷудо намуд, ки ба бахшҳои беҳдошт, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона гардидаанд»,-гуфт ӯ.

Сафир дар идома иброз дошт, ки тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷозати вуруд додан ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бидуни раводид ба афзоиши теъдоди сайёҳони саудӣ барои боздид аз ин кишвари зебо ва дорои манзараҳои дилфиреби сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. «Ин омил сатҳи густариши бемайлони ҳамкории сайёҳиро тавассути иштироки ҳайати сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Гардишгари Риёз» дар моҳи майи соли гузашта ва инчунин таъсиси нахустин Форуми сайёҳии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳи июли соли равон инъикос намуд»,-илова намуд Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон.

Дар идомаи ҳамоиш устодони донишгоҳ, аз ҷумла Сулаймонов С., Ҷаъфаров С. ва Раҷабова С. оид ба рушди муносибатҳои илмию таълимии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ибрози андеша намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram