29 ноябр дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муҳокимаи парламентии мазкур дар асоси дастуру нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 11 ноябри соли 2022, №445 роҳандозӣ гардид.
Дар муҳокимаи парламентӣ, ки таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода М.Қ. сурат гирифт, аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, роҳбарият ва аъзои кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбарият ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ иштирокдорон дар атрофи масъалаҳои вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо, маблағгузории соҳа, самараноку сарфакорона ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ба соҳаи маориф равонашуда, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи маориф суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки баррасии масъалаҳои мазкур иқдоми саривақтӣ буда, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди он пайваста ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул ва тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.
Маблағгузории соҳаи маориф дар даврони истиқлолият сол то сол афзоиш ёфта, дар соли равон 18,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дод.
Дастовард ва масъалаҳои мубрами соҳаи маориф аз ҷониби Президенти кишвар зимни ироаи паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Бо вуҷуди он ки ҳоло раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур шуморида шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Аз ин рӯ, дар назди Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута масъалагузорӣ карда шуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба вазъи кунунии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, камбудиву мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳал ва бартараф намудани онҳо, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, равона созанд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи зикршудаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо, ки зимни муҳокимаи парламентӣ бо ҷалби роҳбарон ва масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои марбута ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ карда шуд, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва беҳсозии вазъ дар ин самт тавсияҳои дахлдор таҳия карда шаванд.
Бо назардошти мубодилаи афкор, натиҷаи муҳокимаҳо ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида, вобаста ба паҳлуҳои муҳими масъалаи матраҳгардидаи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ тавсияҳо қабул карда шуданд, ки татбиқи самарабахшу амалии онҳо ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.