РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Китоби «Ормони миллат: Роғун бузургтарин сарбанди асри нав» муаррифӣ гардид

«Ормони миллат: Роғун бузургтарин сарбанди асри нав» (Феҳристи адабиёт) — таҳти чунин унвон ба ифтихори 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав ба нашр расид, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Феҳристи мазкур ҷадидтарин асари библиографиест, ки дар он маводи гуногун, аз ҷумла, номгӯи китобу мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти дохилӣ ва хориҷии кишвар доир ба НБО «Роғун» мураттаб гардидаанд.

Феҳристи мазкур аз 8 қисм иборат буда, 1644 номгӯй маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ, украинӣ, эстонӣ, молдавӣ, латишӣ, қирғизӣ интишорёфтаро фаро гирифтааст.

Зимни рӯнамоии асар мушовири бахши Ёрдамчии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода иброз дошт, ки  сохтмони иншооти НБО «Роғун» муҳимтарин рӯйдоди таърихии миллати тоҷик буда, омӯзиши он, ки порае аз фаъолияти пурбаракати Пешвои муаззами миллат аст, аҳамияти бештар касб мекунад.

Ба зикри Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дарназардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб -Хонаи китоби Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1968-2020 нашршударо фаро мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram