РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Миср масоили ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим баррасӣ карданд

6 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири муҳити зисти ин кишвар Ясмин Фуод мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим, андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи шарокати обу иқлим баррасӣ намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) иштирок ва суханронӣ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди кӯҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин раддабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-юм қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне «энергияи сабз», бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030) ва якчанд санадҳои дигарро қабул намудааст.

Бо дарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул медиҳанд, ин раванд ба нақшаҳои истифодаи об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагӣ ба бор хоҳад овард.

Дар ин замина Тоҷикистон дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намуд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои асосии конфронс пешниҳод намудаем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram