РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: ба занони ҳунарманд грантҳои раиси вилоят супорида шуд

13 декабри соли 2022 дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор гардида, ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур хабар доданд.

Таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ҷиҳати ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Гранти Президентӣ ҷудо карда мешавад, ки масъулияти татбиқи он ба донишу хирад ва малакаи занон ва духтарон иртибот дорад.

Ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, ки дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат намуда, соҳиби Гранти Президентӣ мегарданд. Соли 2022 низ 17 нафар бонувони вилоят бо манзури лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои Президентӣ гаштанд.

Дар ин радиф солҳои охир дар вилоят грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис дода шуда, занони ҳунарманди вилоят давоми солҳои 2010 — 2022, дар маҷмўъ 3 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, на танҳо шароити иқтисодии оилаи худро беҳтар намуданд, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис додаанд.

Соли ҷорӣ низ баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» тибқи қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025” 60 адад грантҳои Раиси вилоят, аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 104 адад лоиҳаҳои дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳои ба комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳодгардида дастгирӣ карда шуданд.

Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 20 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram