РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуд

Чанд лаҳза қабл дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуд. Хабар дод хабарнигори мо аз макони баргузории намоиш.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ намуда истодаанд. Инчунин намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод намудаанд.

Намоишгоҳи мазкур то 16-уми декабр идома мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram