РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бӯстон: бо нишони ҳамовозӣ аз ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар робита ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамоиши идона доир гардид

24 декабр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо нишони ҳамовозӣ аз ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва илҳом аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли сокинону меҳмонони шаҳр ва иштирокдорони ҳамоиши идонаро ба ифтихори ин рӯйдоди хубу хотирмон ва таърихӣ таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Гуфта шуд, ки 23 декабр зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ аз қабул гардидани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ибрози назар намуда, баён доштанд: “Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.

Зикр карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бо пешниҳоди барномаи рангини саршор аз сурудҳои ватандӯстона ҳамоиш хотима ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram