РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагон 1 январ ба таътил мебароянд

Аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31-уми декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Оғози дарс рӯзи 11-уми январ пешбинӣ шудааст.

Вазорати маориф ва илм аз волидайн даъват кардааст, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин, волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Манбаъ афзуд, таътил танҳо ба хонандагон дахл дорад. Омӯзгорон бошанд, дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram