РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВКХ ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки барои сафар ба Чин бояд дар шиносномаи худ муҳр гузоранд

8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони мо мисли пештара пеш аз сафар ба Чин, бояд дар шиносномаи хориҷии худ дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ муҳр гузоранд.

Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram