Оқибатҳои тармафароии рӯзи 11 январ пурра бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ таъмин гардид. Дар ин бора аз филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ аз субҳи барвақт тоза намудани роҳи Душанбе — Чаноқ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш оғоз гардида, айни замон замон ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
«Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд»,-тазаккур доданд дар Ширкат.