РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориҳои кишоварзиро тақвият медиҳанд

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович вохӯрии корӣ анҷом дод. Дар мулоқот инчунин мушовири Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Клига Геннадий Викентевич ва муовини вазир Зеваршои Зеваршо иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қурбон Ҳакимзода оид ба имкониятҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти техникаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва растанипарварӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор ҳавасмандии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Беларусро иброз кард.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва баррасии дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram