РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантии Япония, ки аз тарафи Агентии хамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) маблағгузорӣ карда мешавад, айни замон амалисозии Лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилӣ»-ро ба анҷом расонида, амалисозии Лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-ро идома дода истодааст.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” ва ​ «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA, ки 3 феврали соли 2020 ба имзо расида, 17 июни соли 2020 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, тибқи муқаррароти бандҳои алоқаманди созишномаи мазкур тавассути ҷалби ширкати машваратии Binko International Ltd амалӣ мегардад.

Тибқи дархости намояндагии JICA дар Тоҷикистон, аз 14 то 24 январи соли равон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни навбатии лоиҳа, ки дар шаҳри Токиои Япония баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 16 январ маросими кушодашавии расмии озмун ва ҷаласаи арзёбии техникӣ, 20 январ ҷаласаи арзёбии молиявӣ баргузор гардида, ​ 24 январи соли 2023 аз тарафи JICA эълони ғолиби озмун ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки дар озмун намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қабулкунандаи грант иштирок нанамудан.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram