Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston нашр шуд. Китоби мазкур аз ҳашт фасл иборат буда, як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад. Дар ин бора аз Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, фаслҳои боқимондаи китобро забоншиносон ва ховаршиносон аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, Ҷопон, Олмон, Русия ва Эрон таълиф кардаанд.
Китоби мазкур дар шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас буда, дар мағозаҳои китоби кишварҳои Аврупо ба фурӯш гузошта шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки забони тоҷикӣ ва таҳқиқ дар заминаи он солҳои охир дар Америка ва Аврупо беш аз пеш таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва алоқамандонро ба худ ҷалб менамояд.