РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони Суғд ба вилояти Нижний Новгороди Русия сафар намуд

Ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт роҳбарият, намояндагони мақомоти давлатӣ ва гурӯҳи​ соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижний Новгороди Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳадаф аз ин сафар густариши робитаҳои иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар назар аст, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти дуҷониба сурат гирад.

Дар доираи сафар аъзои гурӯҳ аз корхонаҳои саноатии​ «Борская войлочная фабрика», «Борский стекольный завод» ва корхонаи истеҳсоли плита ва блок барои сохтмон боздид карда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Намояндагони вилояти Суғд бо тарзи коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли шиша барои мошин ва биноҳо, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар вилояти Нижний Новгород шинос гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram