РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: Китоби “Дарё тӯӣ, дарё манам…” аз чоп баромад

“Дарё тӯӣ, дарё манам…” таҳти чунин унвон китоби тозанашре аз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Радақӣ ва ордени  “Ситораи Президент” Бозор Собир ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Саидқул Билолов аз чоп баромад.

Китоб  дорои 220 саҳифа буда, дар  нашрияи “Адиб” ба чоп расидааст. Китоби мазкур маҷмӯа барои ҳофизону мутрибони касбӣ, шогирдони муассисаҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар алоқамандони шеъри баланду оҳанги дилписанд таҳия шудааст ва дар баробари меҳри ҳунар ба онҳо муҳаббати ёру диёрро самимона талқин мекунад. Дар китоби “Дарё тӯӣ, дарё манам….” муҳаррири адабӣ Низом Қосим, муҳарирри мусиқӣ Бахтовар Давлатов ва рассом Салимшо Пирумшоев саҳми арзанда гузоштаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram