РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар оғози суҳбат дар робита ба офати табиии фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сарвари кишвари ҳамсоя таъзия ва таслияти самимии ҷониби Узбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.

Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои рӯзмараи минтақавӣ, бахусус мушкилоти тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои он ба муҳити зист мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram