РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи бо кадрҳои коргарӣ таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» баррасӣ шуд

24 феврали соли равон ҷаласаи ситоди мазкур дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А., намояндагони вазоратҳои адлияи, мудофиа, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, донишгоҳҳои техникии ба номи М. Осимӣ ва технологии Тоҷикистон, филиали Донишкадаи энергетикии Москва, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаи ҷалби кормандон ба ҶСК «НБО Роғун»-ро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ иброз доштанд.

Қайд гардид, ки мувофиқи маълумоти дастрасшуда аз ҶСК “НБО Роғун” дар айни замон ширкатҳои сохтмонии ин иншооти муҳим ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассис ва корманди оддӣ эҳтиёҷ доранд.

Корҳо ҷиҳати сафарбаркунии корҷӯён ва мутахассисон ба бунёди «НБО Роғун», ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ нақши калидӣ хоҳад дошт, идома меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram