Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.
Ҷоизаҳо аз рӯйи тартиби зайл баҳо гузошта мешаванд:
Илмҳои дақиқ – фаъолияти илмиву эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
Адабиёт (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
Рӯзноманигорӣ (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
Санъат (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
Меъморӣ (лоиҳаҳои сохтмони, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошад).
Техникаву технология — такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
Инноватсияву ихтироъкорӣ (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор самти стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва тадқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, муҳлати он то 17 марти соли 2023, соати 17:00 муқаррар гардидааст.
– телефон барои тамос (+37992) 2217283, 2216736, 936881122, 934603031, 900603031, email: joiza-dushanbe@mail.ru, gulzod@mail.ru.
Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.