Имрӯз, 27 феврал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии «Санъати хатти мардуми тоҷик ва мероси хатти Шарқ» баргузор мегардад. Дар он иштироки олимон аз кишварҳои Фаронса, Русия, Британия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар назар аст. Баргузории ҳамоиш дар шакли ҳузуриву маҷозӣ сурат мегирад.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, намоиш ва ривоҷи ҳунари хушнависии мардуми тоҷик шоҳкоре, ки дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва ҳамчунин хориҷ аз кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, маҳсуб меёбад.
Дар ҳамоиш намунаҳои хатти аз аҳди бостон то ба имрӯз мавриди баррасӣ қарор мегиранд.