Марҳилаи аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик гузаронида мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад. Дар даври аввали озмун, ки дар Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ» доир карда шуд, 26 довталаб иштирок намуд.
Муовини директори Мактаби президентӣ ва яке аз ҳакамони ин озмун Аноятшо Некқадамов гуфт, ки «омӯзиши таърих дар раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ мавзуи шинохти таърихи қадиму муосири халқи тоҷик дар меҳвари суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи тамоми табақаҳои ҷомеа ба омӯзиши асарҳои таърихӣ чунин озмунҳо ва тадбирҳои дигари муассир ба роҳ монда мешаванд. Баргузории озмуни мазкур бахусус барои ташаккули худшиносию ҳувияти миллии наврасону ҷавонон ва таҳкими ҳофизаи таърихии онҳо нақши муассир мегузорад».
Ҳайати ҳакамон мутобиқи низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ҳангоми баҳогузорӣ бештар ба савияи дониши таърихӣ ва баёни мантиқии ҳодисаву рӯйдодҳои таърихӣ бартарӣ доданд. Довталабон низ кӯшиш менамуданд, ки мавзуъҳои мавриди баҳсро ба таври дақиқ ва бо далелҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Узви ҳайати ҳакамон Айниддин Сомиддинзода аз дониш ва ҷаҳонбинии довталабон изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки «китоби «Тоҷикон» яке аз асарҳои пурарзишу мондагор ба шумор рафта, дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муборизаву талошҳояш барои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ аз аҳди бостон то замони мо дар асоси пояҳои консепсияи илмӣ таҳлилу таҳқиқ гардида, зиндагиномаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст».
Даври аввали озмун дар ин муассисаи таълимӣ ба поён расид. Аз 26 довталаб танҳо 5 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт.
Ҳайати ҳакамон ба беҳтарин донандагони таъриху тамаддуни халқи тоҷик ифтихорнома тақдим намуда, аз онҳо даъват карданд, ки ба озмуни шаҳрӣ, ки даҳаи аввали моҳи апрел баргузор мегардад, бо омодагии комилтар ҳозир шаванд.