РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Хатари тармафароӣ, резиши санг, сел ва фаромадани ярч то 10 март боқӣ мемонад

9 март, тахминан соати 07:42, дар километри 472-юми деҳаи Шипати Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангреза фаромада, роҳи байналмилалии самти ноҳияи Ванҷ-Рӯшон муваққатан баста шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 10 март  дар роҳҳои Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари тармафароӣ, резиши санг, сел ва фаромадани ярч боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезум, инчунин моҳидорӣ  худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву манзилҳо аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тамоми заҳбуру таҳхонаҳоро тоза намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram