Матбуот аз оғози пайдоиш чун воситаи муҳимми иттилоърасон ва таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа шинохта шудааст. Он дар баррасии масоили муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нақши ҳалкунандаро иҷро мекунад. Мардум имрӯз ба ВАО ҳамчун равзанаи ҷаҳоннамо менигаранд ва ба сухани он бовар мекунанд ва ин ба шуури онҳо бетаъсир намемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик чунин таъкид намуда буданд: “Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд”.
Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст ва ҳар давлати мустақил, бахусус давлатҳои абарқудрат аз он чун воситаи асосии таҳвилдиҳии идеологияҳо ва татбиқи мақсадҳои худ моҳирона истифода менамояд. Дар Тоҷикистони мустақил низ аён гардида, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.
Матбуоти тоҷик аз нахустин рӯзномаи мустақили миллии он “Бухорои шариф”, ки бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким таъсис ёфт, оғоз мешавад ва он чун пойдевори мустаҳкаме барои ба вуҷуд омадани дигар нашрияҳои миллии тоҷикӣ асос гузошт. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ: “Бухорои Шариф” дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро дар рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд” ва ба вуҷуд омадани нашрияҳои баъдинаи тоҷикӣ, ба монанди “Шӯълаи инқилоб”, “Овози тоҷик” ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо самараи ин нашрия мебошанд. “Бухорои Шариф” ҳамчун нахустин рӯзномаи миллии тоҷикӣ бо интишори 153 шумора тавонистааст, дар вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва ба тафаккуру ҷаҳонбинии мадум, бахусус тоҷикон таҳаввулоти бузург ба миён оварад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон додааст, ки бо таъсири омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва монанди ин дар баробари дигар соҳаҳо матбуоти даврӣ низ рушд кунад.
Омилҳои сиёсӣ
Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун давлати мустақил пазируфт.
Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ матбуот дар чорчӯбаи ҳизбӣ, Ҳизби коммунист қарор дошт. Бо истиснои чанд соли охир дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ нашрияи мустақил вуҷуд надошт. Давлат аз болои фаъолияти матбуот назорат менамуд. Гуногунандешӣ дар матолиби матбуоти он давр дида намешуд, ҳама зери парчами як шиор мавод пахш мекарданд. Ба андешаи коршиносон ин сабаби танг шудани ҷойи ақидаҳои гуногуни баҳамзиддии сиёсӣ дар ВАО, яъне, манъ шудани плюрализми сиёсӣ гардид ва дар ин низом тамоми матбуот аз нашрияи деворӣ сар карда, то асоситарин нашрия “Правда” ба ҳизб ва сиёсати он тааллуқ дошт. Шикастани чорчӯбаи ин низоми сиёсӣ замина гузошт, ки матбуот озод шавад, нашрияҳои мустақил ба вуҷуд оянд ва гуногунандешӣ дар матбуоти тоҷик густариш ёбад.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоқикистон арзишмандтарин дастовард дониста шуда, он барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Ба шарофати Истиқлол миллати тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки матбуоти тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор боло равад. Аз нигоҳи муҳтаво нашрияҳо ба сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, ҳизбӣ, соҳавӣ, барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва ғайра, аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофӣ ба умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд. Яъне, имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеа ба матбуоти ба худашон нигаронидашуда дастрасӣ доранд”.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ (16 — уми ноябри соли 1992). 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо мақсади муттаҳидӣ, музокирот бо дигар ҷонибҳо ва мухолифин ба фаъолият шурӯъ намуд. Дастовардҳое, ки имрӯз ҳамчун арзишҳои миллию давлатӣ шинохта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати мустақил ба оламиён муаррифӣ мекунад, дар заминаи амалӣ гардидани ғояҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мусоидат намуд, ки матбуот ва умуман воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ дубора ба фаъолият оғоз кунанд, нашрияҳои нави давлатӣ ва мустақил ба миён оянду рушд кунанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997). Давраи навини рушди матбуот аз замони имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва истиқрори оромӣ дар мамлакат оғоз мешавад. Дар ин давра матбуот дар Тоҷикистон рушд мекард ва устувор мешуд, ки то ҳол идома ёфта истодааст.
Омилҳои иқтисодӣ
Омили муҳимтарини ташаккули ҳар соҳа аз хуб будани вазъи иқтисодии он вобаста аст. Замони иқтисоди бозаргонӣ тақозо менаояд, ки тамоми соҳаҳои фаъолият барои мақсаднок ва самарабахш анҷом ёфтани маҳсули фаъолият аз махсусиятҳои илми иқтисод огаҳ бошанд. Баъди солҳои 90-ум ва ба вуҷуд омадани иқтисоди бозаргонӣ ин ҷараён ҷоннок гардид. Дар ин солҳо барои кормандони матбуот имтиёзҳои зиёд фароҳам омад ва ин ба рушди фаъолияти ҳам корманди нашрия ва ҳам худи нашрия таъсир гузошт. Ҳамчунин, аз тарафи давлат ва созмонҳои байналмилалӣ барои фаъолияти нашрияҳо бурсияҳо ҷудо гардид. Маводди рӯзноманигорӣ дар баробари маҳсули маънвӣ будан, инчунин арзиши молӣ пайдо намуд, яъне “иттилооти рӯзноманигорӣ табиати дуҷониба дорад. Он, аз як тараф, маҳсулоти истеҳсолоти маънавӣ мебошад, ки бо мақсади таъсир расонидан ба афкори мардум, равона кардани он ба фаъолияти муайян, дигар намудани тасаввуроти ӯ ба олами ҳастӣ, ё равона кардани хонанда ба амалиёти муайян, эҷод шудааст, аз ҷониби дигар, дар бораи чун маҳсулот истифода гардидани он: аввалан, қонеъ гардонидани талаботи маънавии мизоҷон, сониян, қимати ахбори рӯзноманигорӣ, яъне муайянкунандаи арзиши меҳнатӣ сарфгардида барои истеҳсоли ин маҳсулот мебошад”.
Дар ин миён нашри реклама барои ба даст овардани даромад аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуд. Реклама то соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аҳаммияти худро аз даст дода буд. Имрӯз нашрияҳо рекламаро воситаи асосии фаъолияти худ мешуморанд ва барои ба даст овардан ва пахши он байни ҳам рақобат менамоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи реклама” нашри рекламаро барои матбуоти давлатӣ 25% ва барои матбуоти мустақил 40% муайян кардааст. Ин имкон медиҳад, нашрияҳо маблағи хуб ба даст оваранд. Ба ғайр аз ин нашрияҳои сирф рекламавӣ пайдо шуданд.
Омилҳои ҳуқуқӣ
Моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
“Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сенсураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад”.
Ин моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳар шахс новобаста аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз озодии сухан истифода барад.
Моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”:
- Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
- Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
- Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
- Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.
Ин моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар заминаи моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф дода шудааст, ки озодии ВАО-ро дар Тоҷикистон таъмин намуда, ба ҳар кас ҳуқуқи дастрасӣ ва пахши иттилоот, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, сензура ва роҳ надодан ба инҳисори матбуоти давриро фароҳам намудааст.
Ҳамзамон, қабули як зумра Қонунҳо дар соҳаи матбуот: “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (14-уми декабри соли 1990 ва 19-уми марти соли 2013), “Дар бораи табъу нашр” ( 27-уми декабри соли 1993), “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” (13-уми ноябри соли 1998), “Дар бораи иттилоотонӣ” (6-уми августи соли 2001), “Дар бораи иттилоот” (2-юми декабри соли 2002), “Дар бораи реклама” (1-уми августи соли 2003), “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” (18-уми июни соли 2008) пояи устувори ташаккули расонаҳоро гузоштанд.- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводди танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”, ки бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа содир шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории воситаҳои ахбори оммаро бо сохторҳои давлатӣ дастгирӣ намуда, аз мансабдорони давлатӣ тақозо менамояд, ки маводди танқидии воситаҳои ахбори оммаро бо меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ баррасӣ карда, натиҷаи онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи марбутбуда иттилоъ диҳанд. Роҳбарони воситаҳои ахбори омма метавонанд, таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводди танқидӣ ва таҳлилиро рисолати асосии фаъолияти худ донанд.
Ҳамчунин, бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (дар суханронии бахшида ба 100-солагии матбуот) ва бо қарори Маҷлиси намояндагон моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикстон гузаронида шуданд, ин иқдом барои фаъолияти рӯзноманигорон то андозае сабукиҳо овард.Ҳамзамон, мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба (оғоз аз соли 2009) дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорону коршиносон баргузор мегарданд.
Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷкистон вазъи ҷумҳурӣ ноором гардид ва ин ба фаъолияти матбуот ва дур шудани мардум аз матбуот сабаб гашт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ танҳо нашрияҳои “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” ба нашр мерасиданд.
Баъди хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ матбуот тавонист дубора ба по хезад, вазъи молиаш ба ҳадде беҳ шавад ва хонандаашро ҷалб намояд. Дар ин миён дар баробари матбуоти давлатӣ матбуоти мустақил низ ба вуҷуд омад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 376 рӯзнома, аз ҷумла, 112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла, 114 адад давлатӣ ва 131 адад ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла, 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 49 телевизион, аз он 13-то давлатӣ ва 33-тоаш ғайридавлатӣ, 32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22- то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.
Хулоса, Истиқлоли давлатӣ дар рушди матбуоти даври заминаҳои устувори сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву иҷтимоиро фароҳам овард, фозои иттилоотии мамлакатро аз якрангӣ раҳонид. Шароити хуби омӯзиши фаъолияти рӯзноманигорӣ бо техника ва технологияи муосирро таъмин намуд.
Абдурозиқ МАРДОНӢ,
рӯзноманигор
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводди танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”, ки бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа содир шудааст.