РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Айнӣ: Рӯзи матбуот таҷлил шуд

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ “Рӯзи матбуот” таҷлил гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг ва аҳли қалами ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ба маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли қаламро ба муносибати 111-солагии “Рӯзи матбуоти тоҷик” аз номи Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муборакбод намуд. Рӯзибой Раҳимзода аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 11-уми март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» таҷлил мегардад. Таҷлили «Рӯзи матбуоти тоҷик» аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» сарчашма мегирад. Ин рӯйдоди таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд. Яъне, 111 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардида, то ба имрӯз матбуоти миллӣ рушду нумӯъ карда, дар ғанигардонии маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазое гузоштааст.

Қайд кардан зарур аст, ки “Рӯзи матбуот” дар замони Шӯравӣ 5-уми май, рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии “Правда” буд. Аммо бо шарофати соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии азизамон, дар соли 1994 парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро ”Рӯзи матбуоти тоҷик” эълон кард. Албатта, то аз ҷониби давлат қабул гардидани ин ҷашнвора ду пешниҳод баҳс мешуд. Якум пешниҳод: 11 март – зодрӯзи “Бухорои шариф” ва дуюм пешниҳод: зодрӯзи “Бедории тоҷик” (“Ҷумҳурият”-и имрӯза)-ро, ки таъсисёбиаш 15 марти соли 1924 аст, “Рӯзи матбуоти тоҷик” бипазирем. Ва дар ниҳоят, соли 1994 парлумони Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, 11 мартро ҳамчун “Рӯзи матбуоти тоҷик” бипазируфт. Ин буд, ки аз ҳамон дам инҷониб, ҳамасола дар сар то сари Тоҷикистони азизамон ва берун аз он тамоми қаламкашони тоҷикзабон 11-уми мартро бо тантана ҳамчун “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҷашн мегиранд.

Баъдан муовини КИ ҲХДТ дар ноҳия Айём Муродзода ба сухан баромада аҳли қалами ноҳияро ба муносиибати “Рӯзи матбуот” таҳният гуфт. Қайд гардид, ки нахустин маротиба моҳи августи соли 1934 рӯзномаи “Файзи Зарафшон” фаъолияташро оғоз намуд. Нақши ин рӯзнома ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар ҳаёт ва зисту зиндагонии мардуми кӯҳистони ноҳияи Айнӣ беҳад муҳим буд. Зеро, рӯзномаи “Файзи Зарафшон” имрӯз ягона рӯзномаест, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ фаъолият карда, ба мардум аз дуру наздик хабарҳо пешкаш мекунад ва ҳаёти имрӯзаи ноҳияро, ки пур аз ободиву ободонӣ аст, дар саҳифаҳои худ дарҷ мегардонад.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин, собиқадорони соҳаи матбуот суханронӣ намуда, ҳамкасбон, ҳампешагони хешро бо зодрӯзи нахуст рӯзномаи бо забони тоҷикӣ нашршуда “Бухорои шариф” ва “Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод гуфтанд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия рӯзноманигорони фаъол ва собиқадорони соҳа бо Сипосномаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram