РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям.

Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин — ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад.

Мо аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишвари Шумо мебошад ва идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатии ду кишварро омили калидии пешбурди муваффақонаи ин раванд медонад.

Бовар дорам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯби мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода робитаҳои ҳамкории ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзу менамоям».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram