Имрӯз дар Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Форум бо тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар кори форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд.
Тибқи барнома, форуми мазкур дар ду бахш: «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ: афзалият ва траекторияи рушд» ва «Ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти нав» доир мегардад.
Дар назар аст, ки ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.