РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд мулоқот намуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаҳои марзиро дар доираи муносибатҳои дипломатӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл намуда, барои зиндагии осоиштаи ба мардуми назди марзӣ талош меварзанд. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Бел»- Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор гардид. Гурӯҳҳои кориро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев роҳбарӣ намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек ширкат варзиданд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи таъмини зиндагии орому осуда ба мардуми назди марзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марз минбаъд низ таваҷҷуҳ равона карда мешавад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш дода шуд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ по роҳандозӣ намоянд. Мардуми назди марзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд.
Таъкид гардид, ки бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст.
Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд
Раиси вилояти Суғд ва вилояти Ботканд мардуми ду вилоятро бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният намуда, изҳори умед карданд, ки сокинони назди марзӣ дар фазои орому осуда кору зиндагӣ намуда, барои пешрафту бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram