Аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ду асари бузурги манзум – яке “Куллиёти Шамс”, дигаре “Маснавии маънавӣ”, ҳамзамон се асари мансур – “Маҷолиси сабъа”, “Фиҳи мо фиҳи” ва “Мактубот” расидааст. Аз байни ин осори муҳим “Маҷолиси сабъа”-ро яке аз муҳаққиқони ҷавону ҷӯёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Сорбон Азизов ба нашр ҳозир кард ва он бо муқаддимаву тавзеҳи хубе зери назари профессор Нуралӣ Нуров ба табъ расидааст. Дар ин бора устоди донишгоҳи мазкур Субҳон Аъзамзод дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.
Ба андешаи таҳиягар ба азамати хосу шуҳрати баланди Ҳазрати Мавлоно “Куллиёти Шамс” ва Маснавии маънавӣ” ҳарчи бештар мусоид буданд, з-ин рӯ осори мансураш камтар шинохта шуда ва сабаби аслии камшуҳратии ин осор нуфузи густардаи асарҳои манзуми ӯст.
“Маҷолиси сабъа” аз суханрониҳои Мавлоно дар ҳафт маҷлис фароҳам омада, ки онро замони нишаст бар минбари дарсу ваъз ба ҷойи падараш – Баҳоуддини Валад баён доштааст. Ин суханрониҳои ба истилоҳ минбарӣ пас аз даргузашти Мавлоно ба саъйи шогирдонаш бо иловаву изофаҳое бар асли суханони ӯ китобат шудаанд.
Таҳиягар пеш аз он ки асарро ба чоп омода созад, суннати маҷлисгӯиро дар адабиёти форсии тоҷикӣ ва тариқати сӯфияву мавлавия таҳқиқ карда ва дар заминаи сохтор, муҳтаво, матолиб ва сабки эҷоди “Маҷолиси сабъа” рисолаи номзадӣ ба дифоъ расонида ва ҳамакнун имкон ёфта, ки худи матни онро хуб ба чоп омода намояд. Матн бар асоси тасҳеҳи эронии асар ба саъйи донишманди маъруф Тавфиқи Субҳонӣ, бо тавзеҳ ва шарҳи нусхабадалҳо таҳия шуда, афзун бар он таҳиягари кунунӣ худ тавзеҳи нав бар он афзудааст.
Ҷолиб аст, ки таҳиягар нашри аввалини тоҷикистонии “Маҷолиси сабъа” (Душанбе, 2014)-ро дар таҳияи Ҳ. Мақсудов, М. Сафаров, Ғ. Турсунов, А. Эшонов намунаи шитобкорӣ ва пур иштибоҳу ғалат дониста, онро ба василаи тақризе дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” (14-уми майи соли 2015) интиқод карда ва худ саъй бар он варзида, ки матни саҳеҳи асарро фароҳам оварад. Дар баъзе маврид таҳиягари ҳозир бархе аз камбудҳои матни тасҳеҳнамудаи Тавфиқи Субҳониро низ бозгуфтааст. Дар ҳар сурат аз диди таҳиягари кунунӣ нашри Тавфиқи Субҳонӣ аз беҳтаринҳо буда ва асоси матни ҳозира қарор гирифтааст. Воқеан сараву сақати матн вазифаи аҳли таҳқиқ, матншиносони сарабин ва мавлавишиносон аст.
“Маҷолиси сабъа” ҷузъи муҳимми осори ирфонист, ки дар шинохти афкор ва андешаи густардаи Мавлоно аз сарчашмаҳои тирози аввал мебошад. Таҳиягар бар он умед ин асари бузургро ба нашр омода карда, ки аҳли илму адаб ва дӯстдорони адабиёт аз он фаровон суд бардоранд.
Please follow and like us: