РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Масъалаи рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар маҳфили «Хирадмандон»- ДМТ баррасӣ шуд

5 апрел дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни равияҳои илмҳои дақиқ иштирок намуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф дар ибтидо меҳмони маҳфилро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам намуда, доир ба зиндагӣ ва кору фаъолияти академик Фарҳод Раҳимӣ мухтасаран сухан намуд. Зимнан таъкид дошт, ки имрӯз тамоми кӯшишҳои академик Фарҳод Раҳимӣ маҳз ба хотири омӯзиши илмҳои муосир ва ҷалби ҷавонон ба омӯхтани илмҳои дақиқ ва муосир равона гардидааст. «Ӯ дар пеш бурдани корҳои илмии муҳақиқони ҷавон ва соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳаввул ва муаррифии илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, шинохту шиносонидани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандорӣ, садоқат ба Пешвои муаззами миллат, таҳкими дастовардҳои илмӣ пешсаф ва ташаббускор аст»- афзуд ӯ.
Меҳмони маҳфил, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи раёсат ва устодони Донишгоҳи миллӣ ба шахсияти ӯ изҳори ташаккур намуда, дар робита ба мавзӯи «Рушди ҷаҳонбинии илмӣ талаби воқеии ҷаҳони муосир» суханронӣ намуд. Зикр намуд, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон илмро ҳамчун меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ чораҳои зарурӣ андешидааст.
Мавсуф ба ҷавонон хитоб намуда таъкид дошт, ки мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илми замонавӣ бошем. Ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин, бо истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа кушиш ба харҷ диҳем ва ба қадри хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расему ватани азизро аз пештара бештар дӯст дорем.
Дар ҷараёни маҳфил саволу ҷавоб дар самтҳои гуногуни илмҳои дақиқ сурат гирифт ва устодону донишҷӯён ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маҳфил бо як таронаи ватандўстона, ки аз ҷониби ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ иҷро шуд, хотима ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram