РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ шуруъ гардид

1-уми апрели соли 2023 дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ шуруъ гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон ҳунару истеъдоди фитрӣ, чеҳра, тарзи гуфтор, қобилияти нақшофарӣ ва таҷрибаи хешро ба коргардон ва гурӯҳи эҷодии филм манзур менамоянд.

Хотирнишон менамоем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад.

Ғояи асосии филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.

Банаворгирии саҳнаҳои филм дар мавзеҳои таърихӣ ва табиати нодири Тоҷикистон, иншооти таърихии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, павилионҳои филмбардории “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” дар назар дошта шудааст.

Барои нақшофарӣ дар филм ҳунарпешаҳои тоҷику ӯзбек ва хориҷӣ ҷалб гардида, коргардон ва продюсери машҳури фаронасавӣ Люк Бессон дар таҳия ва наворбардории филм ба ҳайси мушовир даъват шудааст.

Филм дар жанри драмаи таърихӣ бо коргардонии Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон рӯйи пардаи синамо ҷилвагар хоҳад шуд.

Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо ҳамарӯза то 20-уми апрели соли 2023 дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram