6 апрел ҷиҳати дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани озмунҳои дарпешистода — «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ҷаласаи корӣ доир карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссия – роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати ҳакамон ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Қарор карда шуд, ки озмунҳо рӯзҳои 7 – 8 апрели соли 2023 баргузор карда шуда, ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони он дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Қайд бояд намуд, ки ҳамасола тибқи дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқати пойтахт озмунҳои мазкур баргузор мегарданд.
Дар охир дастур дода шуд, ки нафарони масъул хосса аъзои ҳакамон барои шаффоф ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани озмунҳо чораҳои дахлдор андешанд.